Пойтахт, ба гуфтаи ӯ, ба маркази муҳими фарҳанг, илм ва ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфта, симои кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам мекунад.

Мири шаҳр ба нақши сокинон диққати махсус дода, таъкид кард, ки рушди шаҳр аз масъулият, иштирок дар ободонӣ ва риояи меъёрҳои ҷамъиятии онҳо вобаста аст.

Рустам Эмомалӣ ба Душанбе рушди минбаъда ва таҳкими мақоми шаҳри муосир ва пурҳаракатро орзу кард.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи пойтахт ҳамасола дар шанбеи сеюми апрел аз соли 2001 таҷлил мешавад.

Имрӯз ба ифтихори ид дар Душанбе ниммарафони анъанавии байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат карданд. Дави 21 км 97,5 м аз боғи «Наврӯзгоҳ» то пости Чорбоғ оғоз ёфта, дар нуқтаи ибтидоӣ анҷом ёфт.

Инчунин имрӯз шаҳрдорӣ натиҷаҳои озмунҳои шаҳрии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанберо ҷамъбаст карда, ғолибонро сарфароз мекунад.

Дар чор ноҳияи шаҳр, махсусан дар боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатӣ, ба ифтихори Рӯзи пойтахт шабнишиниҳои идона ва чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ баргузор мешаванд.