Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстона натиҷаи сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мебошад.

Дар ҷараёни суҳбат қайд карда шуд, ки ташкилоти байналмилалии «Овози Осиё» барномаҳои башардӯстона ва илмию технологӣ амалӣ менамояд ва инчунин бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳамкорӣ барқарор кардааст.

Аз ҷумла, самтҳои муҳими фаъолият мубодилаи таҷриба байни олимон ва муҳаққиқони Тоҷикистон ва Чин, ташкили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои чинӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи инноватсия мебошанд.

Қайд карда шуд, ки танҳо дар соли 2025 бо мусоидати ин ташкилот 100 нафар донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои бонуфузи Чин ройгон қабул шуда, дар айни замон таҳсилро идома медиҳанд.

Ҷонибҳо инчунин рушди ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ қайд намуда, таъкид карданд, ки ҷорӣ намудани инноватсия ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, махсусан дар соҳаи тухмипарварӣ, аллакай натиҷаҳои назаррас медиҳанд. Дар ин замина, як қатор таҷрибаҳои пешқадам дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи педагогии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент амалӣ карда шуданд.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои васеъ намудани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла илм ва маориф, инчунин татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар рушди кишоварзӣ изҳор доштанд.

АКС: хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд