Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷанбаи байни Тоҷикистон ва Фаронсаро баррасӣ намуда, аз сатҳу мундариҷаи ҳамкориҳои мавҷуда, ки дар асоси арзишҳои умумии тамаддунӣ, робитаҳои таърихӣ ва эҳтироми мутақобила қарор доранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Қайд карда шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои пайвастаи роҳбарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон — муносибатҳои дуҷониба дар солҳои охир ба марҳилаи сифатан нав баромаданд.
Ҳамсуҳбатон таъкид карданд, ки рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ яке аз воситаҳои калидии таҳкими эътимод ва васеъ намудани муколамаи сиёсӣ мебошад ва ба фаъолияти гурӯҳҳои байнипарлумонии дӯстӣ аҳамияти хосса доданд.
Дар ин замина зарурати фаъолгардонии фаъолияти Гурӯҳи дӯстии «Фаронса — Осиёи Марказӣ» ва васеъ намудани робитаҳои мустақими байни вакилон қайд карда шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, рақамикунонӣ ва таҳкими ниҳодҳои демократӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин омодагии худро барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо изҳор доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаи афзоиши ҳаҷми гардиши молӣ байни ду кишвар диққати махсус дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати «дарҳои кушод» барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фароҳам овардааст.
Дар ин робита, ҳамсуҳбатон ба васеъ намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, рушди инфрасохтор, металлургия ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамкориҳои фарҳангӣ-башардӯстона низ ҳамчун самти муҳими ҳамкорӣ қайд карда шуд.
Таъкид гардид, ки баргузории намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари рӯдҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме» дар Порис бо иштироки роҳбарони ду давлат намунаи равшани ҳамгироии фарҳангӣ ва таҳкими эътимоди мутақобила мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маорифро баррасӣ карданд. Бо дарназардошти вазъи мураккаби байналмилалӣ, зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният таъкид гардид, дар ҳоле ки Тоҷикистон мавқеи худро оид ба ҳалли осоиштаи низоъҳо бо воситаҳои дипломатӣ ва тариқи гуфтушунид бори дигар тасдиқ кард.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва баргузории вохӯрии навбатӣ дар шаҳри Порис дар доираи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон изҳор доштанд.
АКС: Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий