Дар доираи ин сафар анҷоми мулоқотҳо бо роҳбарияти Ҳукумати Фландрия ва шаҳри Антверпени Подшоҳии Белгия, инчунин баргузории ҳамоишҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо иштироки бахшҳои давлатию хусусии ин минтақаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон зимни ин сафар  ҳайати шаҳри Душанбе  ба   шаҳрҳои Люксембурги Ҳерсогии Бузурги Люксембург ва Маастрихти Подшоҳии Нидерланд  рафта,  мулоқотҳои дуҷониба ва боздид аз як қатор иншооти марбут ба рушди устувори шаҳрдорӣ  анҷом медиҳад.

Сафари ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Подшоҳии Белгия то 2 май идома меёбад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия