Чорабиниҳо дар як қатор муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии иттилоотии миллии «Ховар», Маркази саломатии шаҳрии №15-и Душанбе, Донишкадаи илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, инчунин таҳририяи рӯзномаи «Хатлон» ташкил карда шуданд.

Дар чорабиниҳо намояндагони соҳаҳои гуногун ширкат варзиданд. Дар ҷараёни мулоқотҳо кормандони Агентӣ дар бораи нақши Стратегияи давлатии зиддифасодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи он дар марҳилаи дуюм, ки барои солҳои 2026–2030 пешбинӣ шудааст, маърӯзаҳо пешниҳод карданд.

Ғайр аз ин, иштироккунандагон дар бораи муқаррароти дигар санадҳои ҳуқуқие, ки мубориза бо фасодро танзим мекунанд, огоҳ карда шуданд.

Запись Anti-corruption events were held in a number of government agencies in Tajikistan. впервые появилась Tajikistan News in English.