Дар доираи сафар вохӯриҳо бо роҳбарияти ҳукумати Фландрия ва шаҳри Антверпени Подшоҳии Белгия, инчунин баргузории форумҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо иштироки бахшҳои давлатӣ ва хусусии ин минтақаҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳайати тоҷик аз шаҳрҳои Люксембурги Герсогии Бузурги Люксембург ва Маастрихти Подшоҳии Нидерланд дидан намуда, вохӯриҳои дуҷониба баргузор мекунад ва бо як қатор иншооти марбут ба рушди устувори инфрасохтори шаҳрӣ шинос мешавад.

Сафари ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Подшоҳии Белгия то 2 май идома мекунад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия