Вазорати корҳои хориҷии Чин даъват кард, ки эҳёи милитаризми Ҷопон иҷозат дода нашавад. Бо чунин изҳорот намояндаи расмии ин ниҳод Го Зякун баромад кард. Тавре назарсанҷии охири CGTN нишон дод, беш аз 80% корбарони интернет дар саросари ҷаҳон дар рӯйдодҳои Ҷопон бозгашт ба сиёсати экспансионистии гузаштаро мебинанд. Дар Чин воридшавии беиҷозати низомии ҷопонӣ ба қаламрави сафорати Чин, гузашти эсминеци ҷопонӣ аз гулӯгоҳи Тайван, қадамҳое, ки Ҷопон барои иштироки пурра дар машқҳои ҳарбии ИМА ва Филиппин меандешад, сабук кардани қоидаҳои содироти силоҳ ва инчунин тӯҳфаҳои шахсони баландпоя ба маъбади Ясукуни ҳамчун сигналҳои нигаронкунанда ба ҳисоб мераванд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Го Зякун: «Ҷаҳон ҳамаро мебинад. Ҳар гуна суханони ширине, ки дар таблиғи тағйироти Конститутсия, суст кардани назорати содироти силоҳи марговар, ҷойгир кардани мушакҳои ҳуҷумӣ ва афзоиши назарраси хароҷоти ҳарбӣ гуфта шаванд, Ҷопон наметавонад орзуҳои ҳақиқии худро пинҳон кунад. Кишварҳои минтақа, аз ҷумла Чин, бояд ҳушёрии баланд дошта бошанд, дастовардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳониро якҷоя ҳифз кунанд ва ҳаргиз эҳёи милитаризми Ҷопонро иҷозат надиҳанд. Мо набояд ба касе иҷозат диҳем, ки сулҳро дар минтақа халалдор кунад. (Акс: Вазорати корҳои хориҷии Чин)
Сабти Вазорати корҳои хориҷии Чин: набояд эҳёи милитаризми Ҷопонро иҷозат дод нахуст дар Хабари Тоҷикистон - Avesta.tj пайдо шуд.
Манбаъ: avesta.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий