Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба НИАТ «Ховар» хабар доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиши хатарҳои офатҳо, инчунин саҳми UNDRR дар дастгирии давлатҳо оид ба баланд бардоштани устуворӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ карданд. Дар рафти мулоқот ба ташаббуси СММ «Огоҳии барвақт барои ҳама» ва чораҳо оид ба такмили системаҳои огоҳии барвақт ва вокуниш диққати махсус дода шуд.
Инчунин дар доираи мулоқот рӯзномаи ҷаҳонии об дар заминаи қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ ва раванди оби Душанбе, ки ба ҳамбастагии кӯшишҳои байналмилалӣ оид ба таъмини рушди устувори об равона шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий