Тибқи иттилои агентие, ҷаласа 27 апрел дар Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.
Ба гуфтаи директор, стратегия татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти иттилоотӣ пешбинӣ мекунад.
Қайд карда шуд, ки IT Park Dushanbe ҳамчун маркази рушди стартапҳо ва ширкатҳои технологӣ фаъолият карда, барои соҳибкорони технологӣ ва мутахассисони ҷавон, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, инфрасохтори муосир ва барномаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар анҷом роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барои баррасӣ аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ташаббусҳои зеринро пешниҳод кард: таъсиси феҳристи беҳтарин таҷрибаҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ, таҳияи заминаи ҳамоҳанги ҳуқуқӣ дар соҳаи татбиқ ва танзими зеҳни сунъӣ, дохил кардани масъалаҳои пайвастии рақамӣ ва мубодилаи додаҳо байни марказҳои коркарди додаҳо (data centers).
Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ тасдиқ карда, давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба татбиқи ташаббусҳои пешниҳодшуда даъват намуд.
Ҳамчунин дар доираи Ҷаласаи панҷуми роҳбарони мақомоти масъули технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Форуми байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд.
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои калидии рушди иқтисодиёти рақамӣ гардида, дар такмили идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад. Таъкид шуд, ки то соли 2030 истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонад самаранокии бахши давлатиро ба таври назаррас афзоиш диҳад ва хароҷоти амалиётиро коҳиш диҳад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати рушди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъиро пайваста амалӣ менамояд.
Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусеро бо номи «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул кард.
Дар доираи қатънома таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе пешбинӣ шудааст, ки вазифаҳои ҳамоҳангсозии барномаҳои муштарак оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказиро иҷро хоҳад кард.
Иштирок дар форум ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ, табодули таҷриба ва ташаккули фазои ягонаи рақамӣ баррасӣ мешавад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий