Зикр гардид, ки ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сафари расмии ду рӯза дар Душанбе қарор дорад, ки дар доираи он як қатор вохӯриҳои муҳим баргузор шуданд. Аз ҷумла, вохӯрии пурмуҳтаво бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Ба гуфтаи Серҷио Гор, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатҳои умумӣ, бахусус дар соҳаи мубориза бо терроризм ва муқовимат ба таҳдидҳои берунӣ доранд. Ин масъалаҳо дар ҷараёни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуданд. Ҳамчунин тарафҳо ба васеъ намудани ҳамкорӣ дар таъмини амнияти ду давлат изҳори таваҷҷӯҳ намуданд.
Ғайр аз ин, масъалаи имкониятҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки шароити мусоид барои васеъ намудани ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвар ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавҷуд аст.
Серҷио Гор қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад, тарафҳо ба таҳкими ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаи иқтисод, таваҷҷӯҳ доранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба рушди робитаҳо бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад ва вохӯрии раҳбарони ду давлат дар Вашингтон ҳамчун қадами муҳим дар рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ мешавад.
«Тарафҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба изҳор доштанд», — дар хотима изҳор дошт Фиристодаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор.
АКС: НИАТ «Ховар»
Манбаъ: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий