ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарордод оид ба татбиқи лоиҳаи «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029» санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, санадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Директори Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Ветсел ба имзо расониданд.
Дар доираи санад тақвияти ҳамкорӣ дар самти рушди савдо дар минтақа густариш дода мешавад.
Лоиҳаи «Содагардонии расмиёти савдо» панҷ давлати Осиёи Марказиро фаро гирифта, аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон ва тавассути механизмҳои Иттиҳоди Аврупо бо маблағи иловагии 5,2 миллион евро маблағгузорӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳа ба такмили расмиёти савдо, баланд бардоштани иқтидори ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин рушди долонҳои бисёрмодалии нақлиётӣ равона гардида, ба густариши робитаҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий