Мақомоти андози вилояти Суғд маблағи умумии қарзҳои андозии шаҳрвандонро ҳисоб карда, ба қарздорон беш аз 38 ҳазор огоҳинома фиристоданд. Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарзи умумии андоз аз 15 миллион сомонӣ зиёд аст. Ба гуфтаи масъулин, аксари қарзҳо ба андоз аз даромади шахсӣ ва андоз аз амвол марбутанд. Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки қарзҳои худро дар мӯҳлати муқарраршуда пардохт кунанд, то аз ҷарима ва дигар ҷазоҳои маъмурӣ пешгирӣ намоянд.