Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ як қатор маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод кард.
Директори Маркази илмии ҷумҳуриявии онкологии Акбар Муродзода аҳамияти татбиқи усулҳои муосири табобат, аз ҷумла ҷарроҳиҳои камтаҷовуз, ки дар он ҳаҷми дахолати ҷарроҳӣ ҳадди ақал буда, осеби бофтаҳо ба таври назаррас коҳиш ёфта, давраи барқароршавӣ кӯтоҳ аст, таъкид кард.
Диққати махсус ба дастоварди муҳим – қабули Барномаи давлатии пешгирӣ ва назорати бемориҳои онкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029, ки ба такмили системаи ташхиси барвақтӣ, табобат ва коҳиши фавт аз бемориҳои онкологӣ равона шудааст, дода шуд.
Дар доираи ин сафар Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ташхис ва табобат байни муассисаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид. Ин санад васеъ намудани ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, мубодилаи таҷриба байни мутахассисон, татбиқи усулҳои муосири ташхис ва табобат, инчунин таҳияи барномаҳои таълимӣ ва стажировкаҳои муштаракро пешбинӣ мекунад.
Дар маҷмӯъ, иштирок ва суханронии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конгресс бори дигар нишон дод, ки бахши онкологии кишвар дар роҳи рушди устувор қарор дошта, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт пайваста васеъ мешавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: khovar.tj
Шарҳҳо
Бор шуда истодааст…
Шарҳ гузоред