Тавре ки аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба НИАТ «Ховар» хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳизбии ду давлатро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки имзои меморандуми мувофиқашуда дар ояндаи наздик метавонад заминаи мусоид барои васеъ намудани марҳилаи нави ҳамкорӣ фароҳам оварад.
Ҳамзамон Маликшо Неъматзода Лю Хайсинро барои иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз 10 то 12 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар рафти сафар ҳайати Тоҷикистон бо таҷрибаи Ҳизби Коммунистии Чин дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ шинос шуд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Манбаъ: khovar.tj
Шарҳҳо
Бор шуда истодааст…
Шарҳ гузоред