***
27 апрели соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи зебои соҳили дарёи Вахш пансионати муосири «Пули Сангин»-ро ифтитоҳ намуд.
***
27 апрели соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба Норак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО-и Норак ташриф оварда, қисми муҳими ин иншооти стратегӣ — таҷҳизоти тақсимкунандаи пӯшида бо изолятсияи элегазии 500 кВ-ро ба кор андохт.
***
27 апрели соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо телеграммаҳои табрикӣ мубодила намуданд.
***
27 апрели соли 2023 дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон вохӯрӣ намуд.
ВОҚЕАҲО:
27 апрели соли 2022 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро баррасӣ намуданд.
***
27 апрели соли 1930 дар Душанбе нахустин театр — студияи мусиқӣ таъсис дода шуд.
***
27 апрели соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.
***
27 апрели соли 2015 дар Душанбе нахустин ҷаласаи Иттифоқи собиқадорони интернатсионалистии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
***
27 апрели соли 2017 дар Душанбе 12-умин ҷаласаи муштараки гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.
***
27 апрели соли 1908 дар Лондон (Британияи Кабир) Бозиҳои IV Олимпӣ оғоз ёфтанд, ки як моҳ давом карданд.
***
27 апрели соли 1975 зан бори аввал ва охирин дар таърих дар мусобиқаи мошинҳои «Формула-1» ғолиб омад.
Манбаъ: khovar.tj
Шарҳҳо
Бор шуда истодааст…
Шарҳ гузоред