ДУШАНБЕ, 26.04.2026 /НИАТ «Ховар»/. Барномаи давлатии рушди санъати ёдгорӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 қабул карда шуд. Дар ин бора ба НИАТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барнома ба рушди санъати ёдгорӣ, ташаккули системаи ягонаи омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи ҳайкалтарошӣ ва пайкарасозӣ, инчунин ба дастгирии давлатии ин намуди санъати тасвирӣ равона шудааст.
Ин намудҳои санъат дар раванди тарбияи насли наврас, рушди истеъдодҳо, ташаккули дарки эстетикӣ, баланд бардоштани таваҷҷӯҳ ба омӯзиши касбӣ, инчунин дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши муҳим мебозанд.
Ҳайкалтарошӣ яке аз қадимтарин намудҳои санъат мебошад. Дар тӯли асрҳо тасвирҳои одамон ва ҳайвонҳо дар санг, чӯб, устухон ва дигар маводҳо офарида мешуданд. Шахсеро, ки бо ин намуди санъат машғул аст, ҳайкалтарош меноманд.
Тибқи маълумоти мутахассисони санъатшиносӣ, ҳайкалҳо ҳам ёдгорӣ ва ҳам хурд аз рӯи шакл мешаванд. Хусусияти ҳайкали ёдгорӣ дар он аст, ки онро дар назди биноҳо, майдонҳо, осорхонаҳо, боғҳо ва хиёбонҳо ҷойгир мекунанд. Ҳамчунин намуди ҳайкале мавҷуд аст, ки барои дарк кардан асосан аз як тараф пешбинӣ шудааст — релеф, ки шакли он аз ҳисоби унсурҳои болои ҳамворӣ барҷаста ба вуҷуд меояд.
Имрӯз кӯчаҳо, хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе бо композитсияҳои ҳайкалӣ, ки ба шахсиятҳои барҷастаи кишвар, шоирону нависандагон, қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ ва тасвирҳои гуногуни бадеӣ бахшида шудаанд, оро дода шудаанд.
Ба андешаи равоншиносон, чунин асарҳо ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа таъсири мусбӣ мерасонанд. Аз ҷумла, дар назди Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муҷассамаҳои классикони адабиёт ва илми тоҷик насб карда шудаанд, ки ин хеле мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Ҳайкалтарошӣ ҳамчун намуди санъати тасвирӣ офаридани шаклҳои сеченака тавассути буридан, қолаб кардан ё рехтан аз маводҳои гуногун (санг, чӯб, гил, филизз) мебошад. Ин санъат таърихи қадим дорад ва дар Тоҷикистон дар офаридани тасвирҳои шахсиятҳои бузурги илму адабиёт, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Ҷомӣ рушди махсус ёфтааст. Дар давраи истиқлолият ҳайкалтарошӣ ҳамчун воситаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҷассуми ҳувияти миллӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст.
АКС аз манбаъҳои кушод
Манбаъ: khovar.tj
Шарҳҳо
Бор шуда истодааст…
Шарҳ гузоред