Тибқи маълумот дар ҳудуди меҳмонхона бунёди ҳавзи шиноварии пӯшида пешбинӣ гардида, иншоот бо назардошти сатҳи баланди хизматрасонӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи саёҳӣ дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ сохта мешавад.
Ноҳияи Айнӣ дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ буда, бо татбиқи чунин лоиҳаҳо, табиати нотакрор ва ҳунарҳои мардумии минтақа ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд.
Инчунин дар деҳаи Хушекат бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ майдони хурди варзишӣ ба истифода дода шуд. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти ҷавонон ва рушди варзиш бунёд гардидааст.
Бунёди чунин иншооти муосир, ки бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мешаванд, намунаи ибрат ва татбиқи амалии ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Манбаъ: khovar.tj
Шарҳҳо
Бор шуда истодааст…
Шарҳ гузоред