Тибқи иттилои вазорат, ҳайати тоҷик бо як қатор маърӯзаҳои илмӣ бахшида ба рушди соҳа баромад кард. Директори Маркази илмии ҷумҳуриявии онкологии Акбар Муродзода аҳамияти ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, аз ҷумла ҷарроҳиҳои камтаъсирро, ки имкон медиҳанд осеби бофтаҳо кам ва давраи барқароршавии беморон кӯтоҳ карда шавад, қайд кард.

Диққати алоҳида ба қабули Барномаи давлатии пешгирӣ ва назорати бемориҳои онкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 дода шуд. Барнома ба рушди системаи ташхиси барвақтӣ, такмили табобат ва коҳиши фавт аз бемориҳои онкологӣ равона шудааст.

Дар доираи сафар инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ байни муассисаҳои соҳавии Тоҷикистон ва Беларус ба имзо расид. Ҳуҷҷат васеъ намудани ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат, инчунин татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва стажировкаро пешбинӣ мекунад.

Дар вазорат қайд карданд, ки иштироки ҳайати тоҷик дар конгресс рушди устувори бахши онкологии кишвар ва васеъшавии ҳамкориҳои байналмилалиро дар ин соҳа нишон медиҳад.

Запись Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар соҳаи онкология тақвият медиҳанд впервые появилась Новости Таджикистана - Avesta.tj.