Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мард бо мақсади фурӯши мошини худ тамғаи «KIA K5» эълонро дар сомонаи интернетии «Сомон ТЧ» ҷойгир карда, арзишро ба андозаи 2 миллиону 700 ҳазор рублҳои русӣ нишон додааст.

15 апрели соли 2026 дар ҳудуди деҳаи Б. Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ӯ ин мошинро ба маблағи 2 миллиону 350 ҳазор рублҳои русӣ фурӯхтааст. Ҳангоми гирифтани пешпардохт ба андозаи 1 миллион рублҳои русӣ гумонбар боздошт шуд.

Қайд карда мешавад, ки далелҳои ашёӣ мусодира карда шуданд. Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи қисми 2 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

Запись В Истаравшане задержан подозреваемый в незаконных валютных операциях впервые появилась Новости Таджикистана - Avesta.tj.