Игор Чайка пас аз тафтиши Алексей Навалний, ки соли 2015 нашр шуда буд, шӯҳрати васеъ пайдо кард. Дар он маълумот дар бораи тиҷорат ва дороиҳои Игор Чайка ва бародараш Артем Чайка ошкор карда шуд.

Пас аз баромади тафтиш, Росреестр маълумотро дар бораи амволи ба онҳо тааллуқдошта тағйир дод: Артем Чайка ҳамчун «ЛСДУ3», Игор Чайка ҳамчун «ЙФЯУ9» ишора шуданд ва баъдтар сабтҳо бо ибораи «маъно вуҷуд надорад» иваз карда шуданд.

Соли 2022 Вазорати молияи ИМА зидди Игор Чайка таҳримот ҷорӣ карда, ӯро ба дахолат ба корҳои дохилии Молдова муттаҳам кард. Дар ҳуҷҷатҳои таҳримотӣ инчунин идентификатори алтернативии ӯ — «ЙФЯУ9» нишон дода шуда буд.

Евгений Примаков қаблан журналист кор карда, вакили Думаи Давлатӣ буд; ӯ инчунин набераи сиёсатмадор ва дипломат Евгений Примаков мебошад. Россотрудничестворо аз июни соли 2020 сарварӣ мекард.

Россотрудничество (Агентии федералии корҳои ИДМ, ҳамватанони хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ) аз соли 2008 фаъолият мекунад ва дар 71 кишвар 87 намояндагӣ дорад, ки ғайрирасмӣ «Хонаҳои русӣ» номида мешаванд, аз ҷумла дар Тоҷикистон.

Дар байни вазифаҳои калидии идора — пешбурди манфиатҳои Русия дар хориҷа. Тибқи маълумоти нашрияи «Важные истории», дар соли 2025-и нопурра агентӣ барои барномаҳои хориҷиён тақрибан 412 миллион рубл равона кардааст.