Дар маҷмӯъ, иҷрои нақшаи сохтмони иншооти ёдгории минтақа 112 фоиз ба анҷом расидааст.
Сарвари давлат сохтмони беш аз 7000 иншооти соҳаи саноатӣ ва иҷтимоӣ ва биноҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаро натиҷаи меҳнати содиқонаи сокинони вилоят, хусусан соҳибкорони ватандӯст арзёбӣ намуд.
Пешвои миллат ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон, хусусан соҳибкорон ва мардуми саховатманд, ки ба рушди Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд, изҳори сипоси самимӣ намуд.
«Бояд имкониятҳо пурра истифода бурда шаванд, соҳибкорон ва мардуми саховатманд ҷалб карда шаванд, ба рушд ва сохтмон такони бештар дода шавад, инчунин то охири соли ҷорӣ садҳо иншооти нави идона сохта ба истифода дода шаванд», — дастур дод Президенти кишвар ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / НИАТ «Ховар»
Манбаъ: khovar.tj
Шарҳҳо
Бор шуда истодааст…
Шарҳ гузоред