Дар чорабинӣ беш аз 30 ҳазор тамошобин ва дӯстдорони варзиш ширкат карданд, гӯштингирони маъруф аз Тоҷикистон ва Русия ба рақобат пардохтанд.

Гӯштингирони беҳтарин маҳорат ва малакаи худро намоиш доданд. Аз ҷумла, Шарифҷон Назриев, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Комроншоҳ Устопириён, Фирдавс Насимов, Саидмумин Шоҳмаҳмадов, Муҳаммадисо Раҷабов, Наврӯз Каримзод, Илҳомиддин Ҷабборов ва дигарон натиҷаҳои хуб нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Ташкилкунандагон ғолибонро бо туҳфаҳои пурарзиш, аз ҷумла мукофотҳои пулӣ аз 10 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ ва ду мошин ҳамчун ҷоизаҳои асосӣ сарфароз гардониданд. Яке аз ҷоизаҳои асосӣ ба гӯштингири маъруф аз Кӯлоб Шарифҷон Назриев расид, ки дар мусобиқаи ниҳоӣ Рустам Хоҷаевро мағлуб кард.

Ҷоизаи асосии дуюмро Муҳаммадраҳим Сарахонов, гӯштингири маъруф аз ноҳияи Фархор ба даст овард. Пас аз пирӯзӣ бар чанд рақиб, ӯ ба финал баромад ва дар муборизаи ҳалкунанда бар зидди гӯштингири ҷавон Яқубҷон аз ноҳияи Мӯъминобод мошинро бурд кард.

Дар маҷмӯъ, чорабинии варзишӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузашт.

АКС: НИАТ «Ховар»