Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва ҷонибҳои манфиатдорро баррасӣ намуданд.

Инчунин омӯхтани имконоти амалӣ барои афзоиши ҳаҷми гардиши савдои мутақобил, таъсиси корхонаҳои муштарак, пешбурди иқтисодиёти рақамӣ ва сармоягузории «сабз» муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия