Дар айни замон 23 иштирокчӣ аз 24 маълуманд. Бинобар рӯйдодҳо дар Ховари Миёна бозии Лубнон — Яман ба 4 июн гузаронида шуд. Дар аввал қуръакашӣ барои 11-12 апрел ба нақша гирифта шуда буд.

Ҳамин тавр, дастаи миллии Тоҷикистон номи рақибони худро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ҳангоми қуръакашӣ дар Арабистони Саудӣ хоҳад донист.

Тоҷикистон бори дуюм дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад.

Дар мусобиқа 24 даста бозӣ мекунанд. Ҳангоми қуръакашӣ дастаи мо дар сабади сеюм ҷойгир шуда, дар марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои Баҳрайн, Таиланд, Чин, Фаластин ва Ветнам вомехӯрад.

Тибқи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳи чортоӣ тақсим мешаванд. Ба даври 1/8 ниҳоӣ ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ ва инчунин чор дастаи беҳтарине, ки ҷойҳои сеюмро ишғол кардаанд, мебароянд. 19-умин давраи Ҷоми Осиё аз 7 январ то 5 феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Таркиби сабадҳо ҳангоми қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027:

Сабади 1. Арабистони Саудӣ (соҳиби мусобиқа). Ҷопон. Эрон. Кореяи Ҷанубӣ. Австралия. Ӯзбекистон.

Сабади 2. Қатар. Ироқ. Урдун. ИМА. Умон. Сурия.

Сабади 3. Баҳрайн. Таиланд. Чин. Фаластин. Ветнам. Тоҷикистон.

Сабади 4. Қирғизистон. Лубнон ё Яман. КХДР. Индонезия. Кувайт. Сингапур.

Бояд қайд кард, ки дар солҳои пеш Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) усули гибридии ҷойгиркуниро истифода мебурд, ки рейтинги ФИФА ва натиҷаҳои бозӣ дар даври интихобиро муттаҳид мекард, вақте дастаҳое, ки дар даври ниҳоии интихобӣ барои Ҷоми Ҷаҳон ширкат карда буданд, бартарӣ доштанд.

Ин дафъа ҷойгиркунӣ танҳо дар асоси рейтинги ФИФА буд ва аз ин рӯ, се даста аз даври ниҳоии интихобии Ҷоми Ҷаҳон (Қирғизистон, Индонезия ва Кувайт) дар сабади чорум қарор гирифтанд, ва ғолиби ду Ҷоми Осиёи охир Қатар дар сабади дуюм.