- Медиагруппа «Азия-Плюс» получила поздравление с 30-летием от министра промышленности и новых технологий Таджикистана Шерали Кабира.
- Министр отметил, что издание прошло путь от небольшого печатного издания до многоплатформенного медиахолдинга.
- «Азия-Плюс» названа голосом гражданского общества и зеркалом эпохи.
- Министерство высоко ценит вклад редакции в освещение технологического развития и цифровизации.
«Дар се даҳсола “Осиё-Плюс” роҳи сазовореро аз як нашрияи хурди чопӣ то як холдинги расонаии бисёрплатформавӣ ва бонуфуз, ки дар берун аз кишвари мо низ машҳур аст, тай кардааст.
Имрӯз “Осиё-Плюс” — овози ҷомеаи шаҳрвандӣ, оинаи замон, манбаи боэътимоди иттилоот барои миллионҳо хонандагон дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ҳайати таҳририяро дар равшан кардани масъалаҳои рушди технологӣ, рақамикунонӣ ва афзоиши саноатии кишвар баҳои баланд медиҳад. Журналистикаи объективӣ ва касбии Шумо ба ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва пешбурди инноватсия дар байни мардум мусоидат мекунад.
Ба тамоми дастаи гурӯҳи расонаӣ саломатии устувор, илҳоми эҷодӣ, пирӯзиҳои нави касбӣ ва муҳаббати бепоёни хонандагонро таманно дорем. Бигзор “Осиё-Плюс” ҳамчун пули боэътимод байни ҳокимият ва ҷомеа, байни гузашта ва ояндаи Тоҷикистони бузурги мо боқӣ монад».
Манбаъ: asiaplus.news
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий