- Граждане отправляют фото и видео нарушений ПДД через WhatsApp и Telegram на номер 018 02 02 02
- Задержаны четыре водителя: Наимов Ахмад (Toyota, 7000FB01), Урунбаев Тулкин (Hyundai, 8080YT10), Азизов Рашид (KIA, 5550SW01), Дилшоджони Сайфулло (AION, 3533TT10)
- Транспортные средства помещены на штрафстоянку
- Милиция поблагодарила граждан за содействие


Аз ҷумла, дар асоси маводҳои аз ҷониби сокинон фиристодашуда, кормандони милитсияи пойтахт як қатор ронандагонро боздошт карданд. Дар байни онҳо — Наимов Аҳмад, ки автомашинаи тамғаи «Toyota»-ро бо рақами давлатии 7000FB01 идора мекард, Урунбоев Тулқин — ронандаи автомашинаи «Hyundai» бо рақами 8080YT10, Азизов Рашид — ронандаи автомашинаи «KIA» бо рақами 5550SW01, инчунин Дилшодҷони Сайфулло, ки автомашинаи «AION»-ро бо рақами 3533TT10 идора мекард.


Нисбати шахсони номбурда мувофиқи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Воситаҳои нақлиёти онҳо ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ гузошта шуданд.
Милитсияи пойтахт ба шаҳрвандоне, ки ба ошкор ва пешгирии кирдорҳои ғайриқонунӣ мусоидат мекунанд, изҳори сипос кард.
Сабти Паёмҳои сокинон ба ошкор кардани вайронкунандагони ҚҲҲ дар Душанбе мусоидат карданд аввалин бор дар Хабари Тоҷикистон - Avesta.tj пайдо шуд.
Манбаъ: avesta.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий