Дар изҳороти КДАМ, ки дар сомонаи НИАТ «Ховар» ҷойгир шудааст, қайд мешавад, ки се нафар шаҳрвандони Афғонистон сарҳадро ғайриқонунӣ убур карда, дар минтақаи масъулияти қисми ҳарбии №0307 Қӯшунҳои сарҳадӣ ба қаламрави кишвар ворид шудаанд.

«Дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷангии сохторҳои қудратӣ маршрути ҳаракати мутаҷовизон муайян карда шуда, барои боздошти онҳо тадбирҳо андешида шуданд. Нашъаҷаллобон талаботи қонунии гурӯҳи сарҳадиро нодида гирифта, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.

Дар натиҷаи даргирӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткорӣ безарар карда шуданд. Иштирокчии сеюм тавонист аз торикии шаб истифода бурда, дар қаламрави Афғонистон пинҳон шавад», — хабар медиҳад КДАМ.

Дар ҷои ҳодиса автоматҳои Калашников, муҳимоти калибри 7,62 мм, туфанги шикорӣ, инчунин ду халта бо 25 бастаи моддаҳои нашъадор мусодира карда шуданд. Тибқи хулосаи коршиносон, моддаи мусодирашуда ҳашиш бо вазни умумии 25 килограмм мебошад.

Аз рӯи ин ҳодиса тибқи як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар айни замон тафтишот идома дорад.

Дар КДАМ қайд карданд, ки вазъ дар сарҳади давлатӣ устувор ва комилан таҳти назорат боқӣ мемонад.