- 20 апреля 2026 года прошло третье заседание экспертной группы по согласованию изменений в Соглашение о массах и габаритах транспортных средств СНГ от 1999 года.
- Участвовали представители Азербайджана, Армении, Казахстана, Кыргызстана, России, Таджикистана и Узбекистана.
- Цель изменений — повышение эффективности международного автомобильного сообщения через актуализацию нормативов массы и габаритов.
- По итогам решено продолжить согласование проекта документа.
Дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар кор намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, намояндагони ташкилоти пойгоҳии кишварҳои аъзои ИДМ — Ассотсиатсияи боркашони байналмилалии автомобилии Федератсияи Русия, инчунин кормандони Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.
Тавре қайд карда мешавад, ҳадафи асосии тағйироти пешниҳодшуда баланд бардоштани самаранокии алоқаи байналмилалии автомобилӣ мебошад. Ин муайян кардани меъёрҳои мубрами вазн ва андозаи воситаҳои нақлиётро, ки боркашониро дар роҳҳои автомобилгарди кишварҳои ИДМ бидуни гирифтани иҷозатномаҳои махсус анҷом медиҳанд, дар назар дорад.
Дар рафти ҷаласа иштироккунандагон мавқеъҳои кишварҳои аъзои ИДМ-ро, ки оид ба ин масъала ворид шудаанд, баррасӣ карданд. Аз рӯи натиҷаи муҳокимаҳо қарори идома додани кор оид ба мувофиқаи минбаъдаи лоиҳаи ҳуҷҷат қабул карда шуд.
Сабти Дар ИДМ меъёрҳои нави вазн ва андоза барои боркашонии байналмилалӣ мувофиқа карда мешаванд аввалин бор дар Хабари Тоҷикистон - Avesta.tj пайдо шуд.
Манбаъ: avesta.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий