Дар ҷараёни чорабиниҳо шахсони масъул бо маърӯзаҳо баромад карда, дар бораи қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маълумот доданд. Ба иштироккунандагон инчунин чораҳо ва механизмҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ шарҳ дода шуданд.

Қайд карда мешавад, ки ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳо ҷалби диққати ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин таъмини риояи қонунгузорӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ мебошад.

Запись В районах Хатлонской области обсудили меры противодействия коррупции впервые появилась Новости Таджикистана - Avesta.tj.